29-уми августи соли 2023 конференсияи илмӣ - назариявӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 32 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли миллӣ” бо ибтикори Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” ва Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Прокуратура, мақомоти Судӣ, ва дигар зерсохторoҳои Вазорати адлия иштирок намуданд.
Дар оғози чорабини сухани ифтитоҳиро и.в. Директори Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” муҳтарам Раҳим Зафар ва ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Собирзода Исфандиёр Салом суханрони намуда, қайд намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мо аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард, ки ҳамаи ин заҳмату талошҳои халқи тоҷик ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Истиқлоли миллии деринтизори мо сарзамини куҳанбунёди тоҷиконро ба шакли муосир ба оламиён муаррифӣ намуд.
Бо шарофати истиқлолият - Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гашт.
Дар ин чорабини аз ҷониби иштирокчиён мавзӯҳои зерин шунида шудаанд: “Заминаҳои таърихии ба даст овардани истиқлолият”, “Мақоми истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми байналмилалӣ”, “Нақши Пешвои миллат дар рушди қонунгузорӣ”, “Рисолати азими миллати давлатдор”, “Истиқлолият рамзи соҳибдавлатдорӣ ва ватандории миллат”, “Асосҳои ҳуқуқии соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон”, “Ҳифзи истиқлоли давлатӣ омили суботи ҷомеа”, “Истиқлолияти давлатӣ неъмати бузурги миллати тоҷик” ва ғайра матраҳ гардида, мавриди баррасии мутахассисони соҳа қарор гирифтанд.