6 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати роҳбарияти Вазорати адлия дар самти расондани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо парвандаҳои ҷиноятӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” мизи мудаввар бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур вазири адлия Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ашуриён, муовини якуми Вазири адлия Нигини Ализода, хонум Элиза Калкатера муовини намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Иттифоқи адвокатҳо иштирок доштанд.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ иброз доштанд, ки дастрасӣ ба адолат яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд мебошад, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ кафолат дода шудааст.
Бо мақсади гузариш ба марҳилаи нави рушди ёрии ҳуқуқӣ ва такмили низоми расондани ёрии ҳуқуқӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ба ислоҳоти куллии ин низом нигаронда шуда, ифодаи таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри осебпазирӣ ҷемеа мебошад.
Вазорати адлия барои дастрас гардондани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандон бо ҷалби шарикони рушд Консепсияи номбурдаро дар ҷумҳурӣ амалӣ намуда истодааст.
Дар асоси натиҷаҳои амалигардонии ин Консепсия, соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” таҳия ва қабул карда шуд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти расондани ёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда, роҳҳои амалишавии ҳуқуқ ва уҳдадории шахсони воқеиро ҳангоми ба онҳо расондани ёрии ҳуқуқӣ муайян менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки аз соли 2017 дар ҳудуди вилоятҳои Хатлон ва Суғд ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо парвандаҳои ҷиноятӣ роҳандозӣ гардида буд.
Соли 2022 кор дар ин самт тақвият ёфта, ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ба роҳ монда шуд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба маълумоти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мерасонем, ки ҳангоми пеш омадани зарурат барои таъмини адвокати ройгон бо парвандаҳои ҷиноятӣ тибқи қонунгузории амалкунанда метавонед ба маркази ҳамоҳангсозии Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлия дархост намоед.
Бояд зикр кард, ки тибқи қонунгузорӣ дар баробари Вазорати адлия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Иттифоқи адвокатҳо уҳдадор гардидаанд, ки дар ин самт ҳамкорӣ намуда, дар расондани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ саҳмгузор бошанд.
Таҳлили фаъолият нишон дод, ки ҳамкории Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлия бо Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти расондани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа беҳбудиро талаб менамояд.
Умедворем, ки корҳо дар самти расондани ёрии ҳуқуқӣ бо дарки масъулияти ҳар яки мо минбаъд низ идома меёбанд ва амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” дар самти расондани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бапуррагӣ роҳандозӣ мегардад.
Дар охир вазири адлия ба ҳамаи иштирокчиён ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳо ва иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда барору комёбиҳо таманно карда, ба Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон барои мусоидат дар баргузор намудани чорабинии мазкур миннатдорӣ изҳор намуд.