Имрӯз, 26 декабри соли 2022 аз ҷониби Филиали Ассотсиатсияи “Хелветас Свисс Интеркооперейшен” дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ барои пешбурди фаъолияти корӣ 1 автомобили сабукрав ба Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин иқдоми хайрхоҳона ба Филиали Ассотсиатсияи “Хелветас Свисс Интеркооперейшен” дар Тоҷикистон ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ баён менамояд.