23 декабри соли 2022 Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кормандони Маркази ёрии ҳуқуқӣ дар якҷояги бо кормандони Донишкадаи такмили ихтисос ва Маркази Ҷумҳуриявии экспертиза ва криминалистӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионии марказии кишвар тамошо карданд.