Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ба доми душманони миллат афтида, дар сарзамини худ ба ҷанги шаҳрвандӣ мубтало гашт. Дар ин ҷанги хонумонсӯз тақрибан 150 ҳазор нафар кушта шуда зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расидааст. Тахминан 1 миллион нафар гуреза шуда ба дигар давлатҳо рафтанд. Чӣ қадар хонаву дари мардум ва объектҳои муҳими давлатӣ сӯхтаву молу мулки шаҳрвандон ва давлат ба яғмо бурда шуд. Аксари корхонаҳо аз фаъолият бозмонда таллаву тороҷ гардиданд. Низоми иқтисодиву иҷтимоии давлат пурра аз байн рафта дар бонкҳо тамоман пул намонд. Хатари аз байн рафтани давлату миллат бениҳоят наздик буд.
Дар натиҷаи ин ҷанг давлати Тоҷикистон дар як ҳоле қарор дошт, ки на маблағ дошту на артиш ва на заводу фабрикаву корхонаҳо кор мекарданд, тақрибан тамоми соҳаҳо фалаҷ гардида буданд. Барои давлатро давлат намудан мебоист аз сифр оғоз кард. Касе ба оянда бовар надошт.
Дар ҳамин гуна вазъият ба бахти миллати тоҷик оҳи мардуми ҷангзада, фиребхурда ва азияткашидаро Худованди муттаъол фаҳмида, фарзанди фарзонаи ҳамин миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарвари давлат интихоб намуд.
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд барпо гардид, ҳукумати қонунии ҷумҳуриро таъсис дод ва ба таъмини сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ асоси боэътимод гузошт. Мо ҳанӯз ҳамон рӯзҳо дар роҳи таъсиси сохтори давлати нав ва поягузории низоми нави ҳуқуқӣ дар кишвар қадам гузоштем.
Сарвари давлат аввалин маротиба дар иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ суханронӣ намуда, оид ба ҷангу зӯроварӣ ва муборизаҳои мусаллаҳона ҳамчун василаи парокандагии ҷомеа буданро иброз намуда, ба тарафи мухолиф роҳи осоиштаи ҳалли низои сиёсиро пешниҳод кард. Дар он рӯзҳо ин пешниҳод як падидаи нодир ба шумор мерафт. Дар асоси пешниҳоди мазкур оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардида бо ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ сулҳу оромӣ ҳукмфармо гашт. Маҳз бо ақлу хиради хеш тавонист миллату давлати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Ин таҷрибаи сулҳофарӣ як таҷрибаи нодир буда солҳои зиёд аст, ки аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон ҳамчун намунаи беҳтарин мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.Имрӯз, вақте ки мо сухан аз ваҳдати миллӣ ва сулҳу созандагӣ оғоз менамоем, бевосита ҷонбозиҳо ва корнамоиҳои Қаҳрамони Тоҷикистон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд, зеро маҳз ба туфайли кӯшишу талошҳои шабонарӯзии ин абармард 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид. Пас аз баргаштан аз шаҳри Маскав дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин марди сулҳоварро пешвоз гирифтанд, ки дар байни онҳо устод Лоиқ ҳузур доштанд ва чунин мисраҳоро замзама карданд: Ҷанги девонавори мо бигзашт, Сулҳи деринтизори мо омад.
Имрӯз ҳар яки мо бояд ифтихор аз он намоем, ки тавонистем мушкилоти зиёдро дар роҳи сулҳу ваҳдати миллӣ зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар намоем, арзишҳои бузург ба монанди соҳибистиқлолӣ, давлатдории миллӣ ва ягонигии Тоҷикистони азизро аз манфиату ғаразҳои гурӯҳӣ боло гузошта ба тадриҷ сулҳу оромӣ ва амнияти кишварамонро таъмин намудем. Моро зарур аст, ки ин сулҳу оромӣ ва ин ваҳдати миллиро, ки бо ҷонбозиҳои зиёд ба даст омадааст, ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳ дорем. Дар ҷараёни музокироти чандинсола мо хуб дарк намудем, ки ҷанги бародаркуш ғолибу мағлуб надорад, идомаи он ба нестии миллату давлат бурда мерасонад. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ҳамчун далели возеҳ баҳри ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва буҳронҳои миллӣ эътироф гардида нуфузи моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати мутамаддину фарҳангӣ боло бардоштааст.
Дар васфи сулҳи Тоҷикистон сиёсатмадорони ҷаҳон Ян Кубиш, Ҷеймс Вулфенсон, Александр Лукашенко, Нурсултан Назарбоев, Владимир Путин, Жак Ширак, Сайид Муҳамад Ҳотамӣ, Ҷорҷ Сорос ва дигарҳо суханҳои ҷолиб гуфтаанд. Аз ҷумла раиси собиқи Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан дар бораи мо чунин гуфта буд: “Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд”.
Ваҳдати миллӣ ин ҷавҳари пойдории миллату давлати тоҷик аст. Ваҳдат барои давлатҳои хурду бузург омили тақдирсозу пойдорист. Таърих гувоҳ аст, ки давлатҳои пешрафтаеро сиёсатмадороне чун: Махатма Гандӣ, Шарл де Гол, Франклин дар заминаи ваҳдату ягонагӣ аз вартаи нокомиҳо наҷот дода, ба давлатҳои устувор ва мутараққӣ табдил додаанд.
Имрӯз ҳама шоҳиди онем, ки бузургтарин ва қудратмандтарин давлатҳои ҷаҳонӣ новобаста аз дороиву сарватҳои зиёдашон аз набудани ваҳдати миллии дохилиашон дар тарсу ҳаросанд. Раванди ҷаҳонишавии имрӯз хеле мураккаб аст, чунки манфиатхоҳон бо роҳҳои гуногун дар несту нобуд сохтани халқияту миллатҳо нақшаҳояшонро тарҳрезӣ менамоянд. Ин раванд хеле ноаён аз рӯйи шиори “Тафриқа андозу ҳукмронӣ намо” сиёсати нопоки ҷаҳонхоҳонро амалӣ мегардонад. Пас моро зарур аст, ки дар ин раванди пуртазвир ҳушёру зирак буда, ваҳдатро беҳтарин ғояи давлатдориамон қарор диҳем.
Сокинони бузургсоли мо қадри сулҳу ваҳдатро медонанд, аммо насли ҷавон бояд аз омилҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва роҳҳои ба даст овардани сулҳу субот огаҳ бошанд. Дар ин роҳ моро зарур аст, ки аз воситаҳои ахбори омма васеъ истифода намоем. Тавассути телевизионҳои ватанӣ доир ба таърихи ҷанг ва раванди сулҳофарӣ филмҳои мустанад омода намуда, пешниҳод намоем. Аз ҳама муҳим барои таъсири мусбӣ расонидан ба зеҳни наврасону ҷавонон тариқи шабакаи интернет дар шакли филмҳои ҳуҷҷатӣ ва тасвирӣ роликҳои кӯтоҳ омода намуда, паҳн кардан аз манфиат холӣ нест. Чунки аксарияти наврасону ҷавонони мо имрӯзҳо вақти худро дар шабакаҳои интернетӣ сарф менамоянд. Дар мактабҳои миёна ва олии кишвар бигзор дарси ваҳдати миллӣ ва раванди сулҳофарӣ тавассути наворҳо гузаронида шавад.
Моро зарур аст, насли ҷавони даврони истиқлолро ба касбу ҳунар ва илмомӯзӣ ҷалб намоем, то ки ба макру фиреби ягон ҳизбу ҳаракатҳо фирефта нагардида, роҳи ояндаи худро дуруст интихоб намоянд.
Пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 25 сол сипарӣ шуд, ки ин марҳилаи таҳкими худогоҳии миллӣ ва эҷоди тафаккури худшиносӣ буд. Ин амали нодир давлати моро аз хавфи парокандагӣ наҷот дод. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар, хусусан ҷавонон имрӯзҳо ҷиҳати пос доштани Ваҳдати миллӣ, соҳибдавлатӣ ва ободии сарзамини биҳиштосоямон кушишу талош варзида, ҳисси худшиносиву худогоҳии миллиашонро боло бардоранд. Ҳифзи ваҳдати миллӣ дар замони муосир аҳамияти муҳим дорад. Чунки воқеъаҳое, ки имрӯзҳо дар кишварҳои Арабистон ва Украина рух дода истодаанд нишон медиҳанд, ки таъмини сулҳу суботи аздастрафта ҳеҷ гоҳ ба осонӣ ба онҳо бар намегардад. Имрӯз воқеияти ин кишварҳо парокандагӣ, қатлу хунрезӣ, сӯзондану порашудани ин давлатҳо мебошад. Мардуми мо таҷрибаи талхи ин гуна муборизаҳоро дорад ва хуб медонем, ки оқибати ин муборизаҳо ба ягон қудрати иловагӣ ё нуфузу бартарӣ бурда намерасонад. Бинобар ин дар ин вазъият муҳимтарин талабот ин ҳушёриву зиракии сиёсиро нигоҳ доштан аст. Бисёр моро зарур аст, ки эҳсоси ватандӯстиро дар вуҷуди фарзанданамон аз хурдӣ ҷой намоем, то ки онҳо дарк намоянд, ки боигарии аз ҳама бузурги инсон ин Ваҳдат ва сулҳу оромист.
Ҷавонон бояд бо истифода аз дастуру супоришҳо ва эътимоду эътиқоде, ки Пешвои муаззами миллат нисбаташон дорад, баҳри ҳифзи Ватани азизамон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи ватани хеш бошанд, аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош варзанд.
Ба хотири пойдории Ваҳдати миллӣ Ҳукумати мамлакат як қатор чораҳои заруриро андешидааст, ки яке аз онҳо ин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 27-уми июн - рӯзи Ваҳдати миллӣ дарҷ гардидааст. Дар асоси моддаи 3 қонуни мазкур ин ҷашни бузург ба рӯзҳои иди ғайрикорӣ шомил аст, ки маҳз дар ин рӯз кулли мардуми шарифи Тоҷикистон як рӯз истироҳат намуда, рӯзи Ваҳдати миллиро ботантана ҷашн мегиранд.
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро нерӯи тоза ва тақвият мебахшанд. Дар зеҳни мо ҳатман чунин суол пайдо мешавад, ки кадомин нерӯ ва чӣ гуна қувва моро ба ин рӯзи биҳиштӣ ва оромию субот расонд ва бешак, посухи саволи мо чунин хоҳад буд: Ваҳдат!
Имрӯз фарҳанги давлатсозӣ ва давлатдорӣ ба зиндагии мо бо шаклу мазмуни нав ворид шуда, марҳала ба марҳала такмил меёбад ва моро ба бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамояд. Ҳамзмон бо ин, ғояи Ваҳдати миллӣ ҳамчун андешаи зиндагисози ҷомеаи мо рӯз то рӯз мустаҳкам мегардад, зеро хурду бузурги мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори ободиву озодӣ ва оромиву осудагӣ мебошанд.
Имрӯз ба қадри он неъмате, ки аҷдодони мо садсолаҳо орзу мекарданд, расида бояд талош варзем, ки моро ҳамчун миллати соҳибтамаддуну соҳибдавлат ёд кунанд. Дар борабари ин бояд донем, ки ватандорӣ ҳам аз гушаи имондорист.
Ҳар яки мо бояд ба хубӣ дарк намоем, ки Тоҷикистон бо ҳама пешрафту муваффақият, бо ҳама мушкилоту камбудӣ Ватани мост. Маҳз дар ин давра мо имкони таърихӣ пайдо кардем, ки ба воситаи андешаи Ваҳдати миллӣ ҳамчун василаи ифодакунандаи фикру ақидаи аксарияти сокинони кишвар пояҳои давлатдоримонро мустаҳкам карда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум нақшаҳои созандаву бузургро тарҳрезӣ намоем, мушкилоти зиндагии имрӯзаро ҳал кунем, шабу рӯз заҳмат кашида, Ватанамонро обод гардонем ва ба наслҳои оянда як мулки ободу давлати пешрафтаро ба мерос гузорем.
Пешрафту муваффақияти Тоҷикистон аз худи мо вобаста аст. Мо бояд ҳаминро донему ба насли ҷавону навраси худ фаҳмонем, ки ягон дасти тавонои ободгаре аз берун омада, Ватанамонро барои мо обод карда намедиҳад. Худамон бояд онро созему обод намоем.
Рӯзи Ваҳдати миллиро ба кулли мардуми кишвари азизамон шодбошӣ гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвар сулҳу оромӣ ва амнияту сарҷамъиро таманно дорам.
Мудири бахши ташкили ёрииҳуқуқии якумдараҷаи
Муассисаи давлатии «Марказиёрии ҳуқуқӣ»-и
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бобоев Фаридун Сайфидинович