«Терроризм - мафкураи зўроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зўроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад»
қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм”
Дар ҷаҳони мӯосир бо пешравиҳои илму техника вакомёбиҳои беназир, проблемаҳои глобалӣ пайдо шудаистодаанд, ки ба рушди муносибатҳои ҷамъятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсири бузурги манфии худро гузошта, ба ҳаёти осоиштаи мардуми саёраи замин таҷовуз менамояд. Ин кирдори зиддӣ башарият аз тарафи Созмонҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ, ташкилоту давлатҳо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдори манфии зиддӣ башарият эътироф гардида, ҳамчунин кирдони хатарноки байналмилалӣ мавриди мубориза қарор дорад. Ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма ба ҳамагон маълум аст, ки дар ин ё он кишвар акти террористӣ анҷом дода мешавад, ки ба аҳолии он минтақа ё давлат парешони, ваҳшоният ва даҳшатзадагиро ба бор меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама кирдори зиддӣ инсонӣ, аз ҷумла кирдорҳои террористиро маҳкум намуда, тарафдори сулҳ ва амниятӣ башарият мебошад. Инчунин мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷазоҳои вазнину сангинро муқарар намудааст. Аз ҷумла тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм” «Амали террористӣ - бевосита содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар шакли ба гаравгон гирифтан ва ё боздошт намудани гаравгонҳо, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурўҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурўҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ғасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ё таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, тарканда, кимиёвӣ ва дигар маводи заҳролудкунанда, ғасб намудан, ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиёти заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ, ташкили бетартибӣ ва иғвои он дар ҷойҳои серодам ва ҷамъиятӣ, ҷойҳои маҳрум ва маҳдуд кардан аз озодӣ, ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бо роҳи содир кардани садамаҳо, фоҷиаҳои техногенӣ, паҳн кардани таҳдид бо дилхоҳ восита ва тарзу усулҳо, инчунин кирдорҳои дигари террористӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар шудаанд»
Содиркунандаи чунин кирдор маврирди маломат ва нафратӣ бадӣ омма қарор дошта, ин гуна шахсон барои чунин кирдорҳо ба ҷазои вазнину сангинтар аз тарафи қонунҳои байналимилалӣ ва дохилӣ мавриди ҷазо қарор дода мешаванд.“Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад”. (м.179 КҶҶТ). Чи хеле ки, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд; Терроризм ба ягон дину миллат тааллуқ надорад! Террорист дину миллат ватану асл надорад.
Терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеаи имрӯза ба пешрафту тарақиёти як давлати мустақил то андозаи пошхӯри ва аз байн рафтани истиқлолияти он таъсири манфии худро мерасонад. Инчунин бо мақсади паст намудани шуурнокии одамон, ҷалб намудан ба гурӯҳои ифротгароӣ ва вайрон намудани тарбияи насли наврас, ҷангу ҷидол, ҷаҳолату торикӣ ва аз байн бурдани сулҳ кушиш мекунад, ки оқибат инсонро ба чоҳи торики бе охир ғарқ менамояд.
Имрӯз зарур аст, ки кулли қувваҳои солими сайёра барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои терористӣ якҷоя бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср мебошад. Пас ҳар як фарди соҳибақлро зарур аст, аз чунин кирдорҳои зиддӣ инсонӣ дури ҷуста, дар пешгирии ҷинояти мазкур бетарафӣ зоҳир нанамояд.
Қудратулло Саидов,
Ҳуқуқшиноси давлатӣ шаҳри Душанбе ноҳияи Шоҳмансур