ДУШАНБЕ, 28.01.2022 - Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Муассиса, Донишкадаи такмили ихтисос ва Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлия доир ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 семинар баргузор гардид.
Дар семинари мазкур ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Қудратулло Саидов дар мавзӯи “Нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханрони намуд.
Инчуни мудири бахши ташкили ёрии ҳуқуқии якумдарҷа Фаридун Бобоев дар мавзӯи “Аҳамияти ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.