Нахустин шумораи маҷаллаи «Ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон» фарогири матолиби иттилоотию маърифатӣ ва таҳлилӣ буда, моҳи августи соли равон бо теъдоди 500 нусха аз чоп баромад.
Дар ин маҷаллаи рангин 5 соли фаъолияти муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ шудааст. Таҳиягарони он ҳамзамон бо инъикоси пешравии назаррас дар таъмини ёрии ҳуқуқии ройгон ба аҳолии Тоҷикистон, масоили ҳалталаби соҳаро низ баррасӣ кардаанд.
Маҷаллаи мазкур зиёда аз 60 саргузашти муваффақият ва мусоҳибаю мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин харита бо суроғаи ҳуқуқшиносони давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, якчанд маслиҳати ҳуқуқии муфид, инфографикаю диаграмма ва тасвиру аксҳои ҷолибро дар бар мегирад. Он бо мусоидати Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба забони тоҷикӣ таҳияву нашр гардида, аз 99 саҳифаи чопӣ иборат аст.
Шакли электронии маҷаллаи «Ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон» бо нишонии интернетии зерин дастрас аст: https://bit.ly/3gIQorN
Пешгуфтори маҷалла
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар пешгуфтори он зимни муроҷиат ба хонандагон чунин ибрози андеша кардааст:
“Боиси хушнудист, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз якумин маҷаллаи муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-ро, ки он ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 5-солагии фаъолияти муассиса бахшида шудааст, муаррифӣ менамояд.
Андешаи интишори чунин маҷалла, ки фарогири тамоми паҳлуҳои фаъолияти муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ва умуман масъалаҳои мубрами ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон мебошад, натиҷаи амалишавии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар дар самти мазкур буда, аз мазмуни он метавон ба сатҳи эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат баҳо дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид буда, санадҳои муҳими байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон эътироф кардааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки уҳдадориҳо тибқи санадҳои байналмилалӣ дар ҳудуди кишвар амалӣ шаванд. Яке аз уҳдадориҳо таъмини ёрии ҳуқуқӣ ба эҳтиёҷмандон мебошад.
Дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 19-уми декабри соли 1968 ба давлатҳои аъзо тавсия шудааст, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон рушди низоми ҳамаҷонибаи ёрии ҳуқуқиро ба ниёзмандон кафолат диҳанд.
Вобаста ба масъалаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ҳамкории зич дорад. Дар доираи чунин ҳамкориҳо пайваста нақшаҳои миллӣ вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ шуда, чорабиниҳои мушаххас ба нақша гирифта мешаванд. Аз ҷумла дар онҳо созмондиҳии низоми ёрии ҳуқуқӣ ба шахсони эҳтиёҷманд, ки аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст, пешбинӣ гардидааст.
Бо мақсади иҷрои нақшаи миллӣ дар мамлакат Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015–2017 қабул карда шуд. Дар заминаи он Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Хусусияти фаъолияти Вазорати адлия дар он зоҳир мегардад, ки он дар баробари мақомоти судӣ ба амалисозӣ ва таъмини адолат сару кор дошта, сифату мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таъмин менамояд ва бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро зери ҳимоя қарор медиҳад.
Ҷиҳати таъмини шаҳрвандон ба дастрасии ёрии ҳуқуқии ройгон, ки аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст, бо мусоидати молиявии шарикони рушд амалисозии Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.
Барои татбиқи консепсияи мазкур 28-уми ноябри соли 2015 муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мақсади фаъолияти муассиса ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад. Ҳамчунин 4-уми июли соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» қабул гардид.
Айни замон расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа ба зиммаи муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» вогузор шуда, ин масъулиятро кормандони он муваффақона иҷро карда истодаанд. Дар ҷараёни фаъолияти муассиса дастрасӣ ба адолати судӣ ва ёрии ҳуқуқии ройгон ба табақаҳои осебпазири ҷомеа таъмин шудааст.
Инак, дар маҷаллаи мазкур шумо метавонед аз дастовардҳои муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» тайи 5 соли охир огаҳӣ пайдо карда, бо фаъолияти он аз наздик шинос шавед. Ҳамзамон дар маҷалла як қатор маълумоту маводи ҷолибу хонданӣ ҷойгир шудааст, ки онҳо барои доираи васеи шаҳрвандон муфид хоҳанд буд”.