Аз 9 то 14 августи соли 2021 дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлия курси такмили ихтисос барои кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” гузаронида шуд. Дар кусри мазкур ҳуқуқшиносони давлатии шаҳру ноҳияҳо иштирок варзиданд, ки баъд аз итмом расидани курс ба иштирокчиён шаҳодатномаҳои хатми курс тақдим гардид.