Дар Конференсияи мазкур намояндагони Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати агентии муқовимат бо коррупсияи шаҳри Душанбе, Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Маърӯзачиён зикр карданд, ки “Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик маҳз бо ҷаҳду талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ва имрӯз рисолати ҳар яки мо роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими абадияти сулҳу ваҳдати миллиро дар кишварамон омӯзем ва сулҳу ваҳдатро дар ватанамон ҷовидонӣ нигоҳ дорем. Мо ба ҳамаи мақсаду ҳадафҳоямон танҳо дар ҳамон сурате мерасем, ки сулҳу ваҳдат дар кишварамон пойдору ҷовидон бошад.
Кофронси илмӣ – назарияви бахшида ба таҷлили ҷашни 24- умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ бо баромади ҳар як намоянда ва ҷамъбасти гуфтаҳо хотима ёфт.