“Маркази ёрии ҳуқуқӣ” хизматрасонии ройгони адвокатҳоро аз моҳи сентябри соли 2017 то имрӯз ба 3393 нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон таъмин кардааст. Дар натиҷа шуморе аз онҳо озод шуда, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоснома навиштанд.
Мутобиқи талаботи моддаи 92-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад.
Кишвари соҳибистиқлоли мо як қатор уҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи инсонро ба зиммаи худ гирифтааст. Бо мақсади амалисозии онҳо ва баҳри иҷрои талаботи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурӯъ аз 12-уми сентябри соли 2017 дар сохтори Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” бахши ташкили ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа бо маркази ҳамоҳангсозӣ фаъолият дорад.
Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа чист ва ба киҳо пешниҳод мешавад?
Он шакли хизматрасонии ҳуқуқие мебошад, ки аз тарафи давлат кафолат дода шуда, дар асос ва бо тартиби пешбиникардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
Қонуни мазкур ба шахсони зерин расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро ба таври ройгон кафолат медиҳад:
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудае, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад, вале имконияти пардохти чунин хизматрасониро надорад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошад;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудаи ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ӯ имконияти пардохти чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшуда бинобар камбудиҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ҳуқуқи худро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда наметавонанд;
- айбдоршавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад;
- агар шахс дар содир намудани ҷинояте айбдор карда шавад, ки барои он ҷазои қатл ё ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шуда бошад;
- судшавандае, ки таҳти ҳабс қарор дошта, аз ҳозир шудан ба маҷлиси судӣ саркашӣ менамояд;
- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд.
Айни замон ин навъи ёрии ҳуқуқӣ танҳо дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ пешниҳод шуда, баъд аз 1-уми январи соли 2025 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданиро низ фаро мегирад.
Ҳамоҳангсозии таъмини ҳимоятгарон
Фаъолияти маркази ҳамоҳангсозии Муассиса шабонарузӣ ва бе рӯзҳои истироҳат ҷараён дорад. Кормандони он дар ҳама вақту соат дархостҳоро тавассути зангҳои телефонӣ қабул карда, барои таъмини саривақтии адвокати ройгон ба парвандаҳои ҷиноятӣ чораҷӯйӣ мекунанд.
Расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа, хусусан, дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ мушкил буда, бе ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, прокуратура, суд ва дигар субъектони ин раванд имконнопазир аст.
Ҳангоми боздошти воқеии шахс, оғози парвандаи ҷиноятӣ, татбиқи чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан, баррасии парвандаҳо дар судҳои марҳилаи якум, пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ, ё бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва ё судя бояд ба маркази ҳамоҳангсозии Муассиса бо телефон занг зада, сафарбар кардани адвокатро дархост намоянд. Зимни қабули дархост танзимгарони маркази ҳамоҳангсозӣ бо адвокате, ки ӯро низоми худкори иттилоотӣ муайян месозад, тамос гирифта, барои расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа сафарбар мекунанд.
Озодии шахси камбизоат
Ҳолатҳое низ буданд, ки айбдоршавандагон, судшавандагон ё маҳкумшудагон барои таъмини адвокати ройгон дар рафти тафтиши пешакӣ ва ё баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ изҳори сипос карданд.
Аз ҷумла, маҳкумшуда М.М. дар муроҷиаташ унвонии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст: “Вақте адвокати ман ба суд шикояти назоратӣ пешниҳод кард, аз маҳбас озод шудам. Ман аз оилаи камбизоат ҳастам. Барои таъмини адвокати ройгон ба “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” миннатдории худро баён мекунам”.
Аз 12-уми сентябри соли 2017 то 8-уми январи соли 2021 танзимгарони маркази ҳамоҳангсозӣ 3393 дархости таҳқиқбарандагон, муфаттишон, прокуророн ва судяҳои шаҳру ноҳияҳои вилоёти Суғду Хатлонро дар бораи таъмини адвокати ройгон барои гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон қабул карданд. Аз ин теъдод 2977 мард ва 416 зан буда, аз шумораи умумӣ 30 нафар шахсони дорои маъюбият ва 521 ноболиғ мебошанд. Барои ҳимояи онҳо иштироки адвокатҳо дар рафти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ таъмин гардид.
Хизматрасонии ройгон дар Суғду Хатлон
Сароғоз расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз рӯйи ду намунаи (модели) пешбиникардаи Консепсия тӯли як солу чаҳор моҳ дар 8 шаҳру ноҳияи вилоятҳои Хатлон ва Суғд таҷриба карда шуд.
Модели якум пешниҳоди онро аз тарафи Бахши ташкили ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаи Муассиса тавассути адвокатҳое, ки ба феҳристи маркази ҳамоҳангсозӣ дохил карда шуданд, аз моҳи сентябри соли 2017 дар 4 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд (Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон) амалӣ мекард.
31-уми октябри соли 2018 ҷаласаи Комиссия оид ба мониторинг ва баҳогузории сифати расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Зимнан барои муайянсозии хароҷоти молиявии таъмини адвокат ба категорияи шахсоне, ки тибқи “Тартиби муваққатӣ дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ” пешбинӣ шудааст, бо қарори Комиссияи мазкур таҷрибакунонии Консепсия аз 1-уми феврали соли 2019 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд роҳандозӣ шуд.
Дар ин робита Садриддин Саидов, раиси мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд: “Расонидани ёрии ҳуқуқӣ то қабули Консепсия мушкилоти зиёд дошт. Рости гап, хеле хурсандам, ки ҳамин масъала ҳалли худро ёфт. Баъд аз он, ки лоиҳа пурра ба кор оғоз кард, аз тарафи “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” тамоми вилояти Суғд фаро гирифта шуд. Бартарии ин дар чӣ зоҳир меёбад? Агар то оғози таҷрибаи мазкур хизматрасонии адвокатҳо ҳамчун ёрии ҳуқуқӣ қабул мешуд, саривақт ё умуман пардохт намешуд, яъне онҳо маблағро гирифта наметавонистанд. Пас аз қабули Консепсия айни ҳол пешниҳоди ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа таъмин шуда, маблағи хизматрасонии адвокатҳо аз тарафи “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” воқеан пардохт карда мешавад”.
Ба гуфтаи ӯ, дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон корҳои назаррас ба амал бароварда шуд. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ва пардохти маблағи адвокатҳо натиҷаҳои мусбати фаъолият дар ин самт мебошанд. “Боварии комил дорам, ки дар оянда корбарӣ карда, ба натиҷаҳои боз хубтар ноил мешавем”, - афзуд Садриддин Саидов.
Модели дуюм аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон охири моҳи декабри соли 2017 дар 4 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон (Бохтар, Кушониён, Вахш, Левакант) роҳандозӣ шуд.
Ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба мониторинг ва баҳогузории сифати расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми феврали соли 2019 баргузор гардид. Комиссия ба хулосае омад, ки таҷрибакунонии Модели якуми расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаро “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” хубтар ба роҳ мондааст. Дар асоси қарори Комиссия, таҷрибакунонии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳам аз 1-уми марти соли 2019 ба маркази ҳамоҳангсозии Муассиса вогузор шуд.
Раиси мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Алишер Ҳайдаров мегӯяд: “Мо дар шӯрои худ рӯйхати яксолаи навбатдории адвокатҳоро муайян карда, ба Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” фиристодем. Онҳо аллакай медонанд, дар кадом шаҳру ноҳия кӣ ва кай навбатдор аст. Вақте дархост барои иштироки адвокатҳо аз ҷониби мақомотҳои таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё суд ба маркази ҳамоҳангсозии муассисаи мазкур ворид мешавад, онҳо фавран таъмин мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз, таъмини саривақтӣ ва бетаъхири адвокат ба роҳ монда шуд”.
Алишер Ҳайдаров афзуд, ки фаъолият дар ин самт дигар паҳлӯҳои хуб низ дорад: “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” маблағи адвокатҳоро пардохт мекунад, ки ин ба беҳтар шудани сифати ёрии ҳуқуқӣ таъсир мегузорад.
Подоши хизматрасонии ҳимоятгарон
Айни замон теъдоди адвокатҳое, ки ба гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа мерасонанд, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 206 нафар (162 марду 44 зан) ва дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 92 нафар (81 марду 11 зан) мебошад.
Пас аз анҷоми истеҳсолот аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ, адвокат қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти судро дар бораи иштироки ӯ ба сифати ҳимоятгар бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ҳисобот ба “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” барои пардохти ҳаққи хизматаш пешниҳод мекунад.
“Маркази ёрии ҳуқуқӣ” баъд аз омӯхтани ҳисобот ҳаққи хизмати адвокатро дар муҳлати на дертар аз 30 рӯз мепардозад.
Дастгирии давлат ва шарикони рушд
Хароҷоти “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” аз оғози фаъолият то соли 2020 дар ҳаҷми 10% саҳми давлат ба шакли таъмини коргоҳ, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, пешниҳоди махзани меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳармоҳа нав кардани он пешбинӣ гардида буд. Ҳамзамон 90% аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ – Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Филиали Ассотсиатсияи “Хелветас Свисс Интеркооперейшен” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария ва Вазорати корҳои хориҷии Финландия пардохт карда мешуд.
Шурӯъ аз соли 2020 маблағгузории фаъолияти “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” аз ҷониби давлат ҳамасола ба андозаи 20 дарсад афзуда, баъд аз 3 сол 100 фоизи хароҷот аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки то охири соли 2023 расонидани ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ҳамчунин дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳандозӣ шуда, ба ин тариқ ҳамаи қаламрави Тоҷикистон фаро гирифта мешавад.
Муаллифон: Саидаҳмад АМИРЗОДА,
сармутахассиси бахши ташкили ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаи
Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”
Суҳроб САТТОРОВ,
муҳосиби бахши молия ва хоҷагии
Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”
Аксбардорон: Нозим Қаландаров, Суҳроб Сатторов