Моддаи 21. Амрномаи муҳофизатӣ
1. Барои баровардани амрномаи муҳофизатӣ муроҷиат оид ба ҳолати содир шудани зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир намудани он асос мебошад.
2. Шахсе, ки амрномаи муҳофизатиро гирифтааст, ӯҳдадор аст талаботи дар он пешбинишударо иҷро намояд. Дар ҳолати иҷро накардани талаботи зикргардида шахси мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
3. Амрномаи муҳофизатӣ ба шахси мукаллафи зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда, ки ҳангоми баровардани он ба синни 16- солагӣ расидааст, дода мешавад.
4. Амрномаи муҳофизатӣ ба шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда аз ҷониби сардор ё муовинони сардори мақомоти корҳои дохилии маҳалли содир шудани зӯроварӣ дар оила дар муддати 24 соат аз лаҳзаи содир шудани зӯроварӣ дар оила ё ҷой доштани таҳдиди содиршавии он ё аз лаҳзаи додани ариза дар бораи содир шудани зӯроварӣ дар оила дода мешавад.
5. Амрномаи муҳофизатӣ ба мӯҳлати то 15 рӯз дода мешавад. Дар асоси аризаи ҷабрдида ё намояндаи қонунии ӯ мумкин аст мӯҳлати амрномаи муҳофизатӣ бо дархости сардори мақомоти корҳои дохилӣ ва розигии прокурор то 30 рӯз дароз карда шавад.
6. Дар амрномаи муҳофизатӣ насаб, ном ва номи падари шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ё таҳдиди содир кардани онро намуда, вақт ва ҷойи додани амрнома, ҷой, вақт ва ҳолати содир кардани зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир кардани он, талаботи пешбинишуда ва мӯҳлати амали онҳо, оқибатҳои ҳуқуқӣ дар сурати давом додани ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ ва риоя накардани талаботи амрномаи мазкур, мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси амрномаи муҳофизатиро бароварда зикр мегарданд.
7. Амрномаи муҳофизатӣ нисбати шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда метавонад талаботи зеринро пешбинӣ намояд:
- манъ кардани ҳама гуна зӯроварӣ нисбати ҷабрдида, бар хилофи хоҳиши ҷабрдида анҷом додани ҷустуҷуӣ, пайгирӣ, ташриф, муошират ва дигар муносибатҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои ҷабрдидаро маҳдуд месозанд;
- тавсия барои дар вақти муайян ба манзили истиқоматӣ ҳозир шудан;
- манъ кардани истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва моддаҳои мадҳушкунанда дар вақти амали амрномаи муҳофизатӣ.
8. Иҷро накардани талаботи дар қисми 7 моддаи мазкур зикргардида, ки боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардидааст, мӯҳлати амали амрномаи муҳофизатиро бознамедорад.
9. Аз болои амрномаи муҳофизатӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст. Шикоят дар мӯҳлати то се шабонарӯз бояд баррасӣ гардад. Шикоят ба суд амали амрномаи муҳофизатиро бознамедорад.
10. Нусхаи амрномаи муҳофизатӣ ба ҷабрдида дода мешавад.
11. Назорати иҷрои талаботи амрномаи муҳофизатӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилие, ки онро баровардааст, амалӣ карда мешавад.
