Моддаи 19. Асосҳои татбиқи чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила
1. Асосҳо барои татбиқи чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳолатҳои зерин шуда метавонанд:
- аризаи ҷабрдида ё маълумоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- ошкор намудани ҳолати зӯроварӣ дар оила аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ;
- маълумоте, ки аз ҷониби дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила пешниҳод шудаанд.
2. Ариза ва маълумот оид ба содир шудани зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир
шудани он аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
