БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА
Моддаи 10. Ваколатҳои комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Комиссияҳо оид ба ҳуҳуқи кӯдак доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар байни ноболиғон;
- татбиқи чораҳои зарурӣ нисбат ба ҷабрдидаи ноболиғ ва офиятбахшии ӯ дар ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- намояндагӣ дар мақомоти тафтишоти пешакӣ ва суд ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои қонунии ноболиғоне, ки таҳти зӯроварӣ дар оила қарор гирифтаанд;
- баррасии масъалаи ба хонаи кӯдакон фиристодани кӯдакони мунтазам таҳти зӯроварӣ дар оила қарордошта;
- ҷиҳати андешидани тадбирҳои дахлдор ба мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод намудани маълумот оид ба шахсоне, ки нисбат ба узви ноболиғи оила зӯроварӣ содир намудаанд ё таҳдиди содир намудани онро кардаанд;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.