БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти давлатии кор бо занон ва оила оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Мақомоти давлатии кор бо занон ва оила оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- таҳлили сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда;
- пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- андешидани тадбирҳои иттилоотию таблиғотӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
