Баҳри амалӣ намудани нақша чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо иштироки масъулони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ "Ёрии хуқуқии ройгон"-ро миёни сокинони деҳаи Сангрезгии ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ташкилу баргузор намуданд.Дар ҷараёни баргузории суҳбату вохӯриҳо кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариусони давлатӣ ба сокинон доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ машварати муфид дода, ба як қатор волидайни кӯдакони ҷамоати мазкур шаҳодатномаи таваллуд ва ба навхонадорон шаҳодатномаи акди никоҳ тақдим карданд.