Бо ташабуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани нақша чорабиниҳо бахшида ба соли 2024 ҳамчон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба сокинони ҷамоатҳои Ш. Шоҳин, Балхобӣ ва Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод бо иштироки масъулони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ "Ёрии хуқуқии ройгон" ташкилу баргузор гардид.
Ҳуқуқшиносони давлатӣ, кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариусони давлатӣ ба сокинон доир ба гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, гирифтани нафақа ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ машварати муфид доданд.
Дар ҷараёни баргузории суҳбату вохӯриҳо ба як қатор волидайни кӯдакон ҷамоатҳои мазкур шаҳодатномаҳои таваллуд ва ба навхонадорон дафтарчаи акди никоҳ аз ҷониби масъулини соҳа тақдим карда шуд.