Дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҳайати кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо сокинони касбу кори гуногнуи ноҳия суҳбату вохӯрӣ ташкилу баргузор намуданд.Зимни вохӯрӣ Шарифзода Абдуҳафиз Самад роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор расулов намояндаҳои марказро ҳамроҳи намуда, дар масалаҳои мухталифи ҳуқуқӣ баромад карданд. Дар ҷараёни суҳбат Шарифзода Абдуҳафиз иброз намуданд, ки дар моддаи 1 Конститутсия омадааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Меъёрҳои Конститутсия таҷассумгари арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқу озодиҳо, таъмини ҳифзи вазъи иҷтимоии он ва дигар ҳуқуқҳои инсон мебошанд. Ин аст, ки имсол 30-юмин солгарди ҳуҷҷати сарнавишсоз - Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро таҷлил мекунем. Ҳамин аст, ки соли 2024 аз ҷони Президети кишвар “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд.
Ҳамзамон ҳуқуқшиносони Маркази ёрии ҳуқуқӣ роҷеъ ба моҳияти эълон намудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ”,баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, оилаи ҳамчун ячекаи асоси давлат, арзиши оили доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дигар масоили ҳуқуқӣ баромад намуданд.