Коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рўзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои паст намудани чунин падидаи номатлуб мубориза бурда, нисбати ин масоил диққати махсус медиҳанд.
Коррупсия худ зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, омўзиши ҷиддӣ ва мунтазам, муносибати махсус, муқобилияти комплексӣ ва оперативиро талаб менамояд. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои номатлуби коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида, оқибатҳои нохушро ба бор меоварад.
Таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, боварии шаҳрвандон ба институтҳои давлати демократӣ таҳияи сиёсати зиддикоррупсиониро дар миқёси умумимиллӣ талаб менамояд, ки бояд воситаи муттаҳидсозии саъю кўшиши мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, баҳри амалӣ намудани он чораҳои заруриро рӯйи кор оварда истодааст.
Бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвар фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст.
Аз ҷумла, дар ин самт яке аз муҳимтарин самтҳои аксуламал бо коррупсия ба миён овардан ин такмили заминаҳои ҳуқуқӣ мебошад. Аввалин заминаи ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 1999, № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 11 декабри соли 1999 қабул шуда, (бо тағйиру иловаҳо аз 7 августи соли 2020), ки ба Конвенсияи СММ зидди коррупсия мутобиқат мекунад, ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия ибтидо гузошт.
Бо мақсади сарфакорона ва босамару мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷет мақомоти махсуси давлатӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯ қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд. Махсус бояд таъкид намуд, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия кори дастҷамъонаи аҳли ҷомеа буда, барои решакан намудани он тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад.
Мушкилоти коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро, он пеш аз ҳама ба пешрафти иқтисодиёт, татбиқ ва таъмини ҳуқуқӯ озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрӯю нуфӯзи давлат ва низоми сулҳу суббот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии ахлоқи ҷомеа мегардад.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ба чунин кирдори номатлуб даст мезананд муқарраротҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст.
Аз ҷумла, дар моддаҳои 279, 314, 315, 316, 317, 318, 319, 320 ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ришвадиҳии тиҷоратӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гирифтан ва додани пора ва ғайраҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шудааст.
Муқовимат бо коррупсия кори дастҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.
Ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шуд, ки дар он номгӯйи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд.То имрӯз зиёда аз 140 давлати дунё ба зери ин санади муҳими байналмилалӣ имзо гузоштаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25 сентябри соли 2006 имзо гузоштааст, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2008 тасдиқ гардидааст.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки 22 декабри соли 2016 ироа гардид, зикр намуданд, ки «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бо муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Тавре, қайд карда шуд, дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад».
Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, хушомад задан ва ғайра мешуморанд. Бо вуҷуди ин ҳама новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун нисбати коррупсия, аксарияти одамон дар он ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти ахлоқии одамонро хароб ва ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбати мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.
Вобаста ба ин падидаи номатлуб мутафаккири бузурги Фаронса Ш.Л. Монтеске гуфта буд, ки «Дар натиҷаи амалҳои коррупсионӣ тартиботи хуби ҷамъиятӣ аз байн рафта, дастгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мешавад».
Аз ин лиҳоз, муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, мақомоти давлатӣ дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонанд ба паст кардани шиддати он мусоидат намоянд. То имрӯз дар кишвар як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои пешгирикунанда, аз қабили тарғиботу ташвиқоти зиддикоррупсионӣ таъсис дода шуда, онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ дар самти омӯзиш ва баҳогузории масоили коррупсия дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми худро гузошта истодаанд ва дар ин самт тақозо карда мешавад, ки ҳар чӣ бештар иштироки онҳо дар раванди қабули барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ таъмин карда шавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ки 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” , ироа намудан ва соли 2024 - ро ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд ин маънои онро надорад, ки ин қадамҳои нахустини давлат ва ҳукумат дар самти маърифатнокии ҳуқуқии аҳоли мебошад.
Ин иқдоми Сарвари давлат, ки аз ҷониби мардум бо самимият истиқбол шуд, моро ба дурнамои неки таҳкими низоми демократӣ, ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқмеҳвар ва қонунсолор хушбин менамояд.
Зеро ҳамон тавре, ки Пешвои муаззами миллат таъкид мекунанд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад».
Воқеан, ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва тарбиятдида такя мекунад, аз шикасти ирода ва таназзул эмин буда, ба пирӯзии сартосарӣ ноил мегардад.
Дар заминаи соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 барои баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии аҳоли чунин таклифҳоро пешниҳод менамоям:
- ҳамаи шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои миқёси ҷумҳуриро зарур аст, ки дар таҳия ва пешкаши аҳолӣ гардонидани маводи зарурӣ вобаста ба оқибатҳои вазнини ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ фаъолона ширкат намоянд ва бо ташкили барномаҳои махсус ва наворҳои видеоии кӯтоҳ аз оқибатҳои содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба аҳолӣ иттилоъ диҳанд.
Зеро воситаҳои ахбори омма дар самти тарғиботу ташвиқоти зиддикоррупсионӣ нақши хеле муҳим доранд ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ин самт ба паст кардани шиддати коррупсия дар миқёси кишвар мусоидат карда метавонад.
- дар замони рушди босуръати илму технология шабакаи интернет яке аз воситаҳои асосии паҳнкунандаи иттилоот буда, шумораи зиёди истифодабаранда дорад.
-ҳамаи субъектони муқовимат ба коррупсияро зарур аст, ки бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тарғибу ташвиқи зиддикоррупсиониро тариқи сомонаҳои расмӣ пурзӯр намоянд.
- нашри мақолаҳои тарбиявиву омӯзишӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия дар рӯзномаву маҷаллаҳо аз ҷониби олимону муҳаққиқон мунтазам ба роҳ монда шавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои коррупсионии ба қайд гирифташудаи солҳои охир, ки дар онҳо яке аз тарафҳо шаҳрвандон мебошанд, аз надонистани қонунгузории зиддикорррупсионӣ дар кишвар содир карда шудаанд.
- ба мақсад мувофиқ аст, ки тавассути чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, огоҳсозӣ аз оқибатҳои коррупсия ва роҳҳои дигари самарабахш сатҳи маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ баланд бардошта шуда, ҳамкории мутақобилаи судманд байни мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҷамоати шаҳраку деҳот ва қишрҳои дигари ҷомеа ба роҳ монда шавад.
- боиси қайд аст, ки Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо қарори Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010, №968 тасдиқ гардида, комиссияҳои мазкурро зарур аст, ки фаъолияти худро дар муқовимат ба коррупсия ҷоннок намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
- Файзиддин Тағозода мудири бахши ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаи Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"-и Вазорати адлияи ҶТ