Конститутсияи амалкунандаи мо бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳам метавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро таъмин намояд. Конститутсия асоси ифодакунандаи арзишҳои ҳуқуқӣ гардида, симои муосир ва таърихи Тоҷикистонро дар худ таҷҷасум намуд. Дар ин замина, он аввалин шуда ҷумҳурии моро ба қатори давлатҳои пешрафта ворид сохт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ чунин иброз доштанд, ки “Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад.”
Қонуни муҳимтарини ҳаёти мо, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амну осоиштагии тамоми халқҳои сокини кишварамон ва миллати тоҷикро (дар ақсои олам) кафолат медиҳад ва тамоми пешравию хушбахтии наслҳо аз ӯст, таърихи наҷибу дерина дорад. Агар Юнони Қадим ва Руми Қадим дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандони қонундон ва масъулиятшинос асрҳо, садсолаҳо муқаддам ҷоми ҷиддӣ ва устувор ниҳода, асоси давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду маърифатпарварро ниҳодаанд, гузаштагони мо бошанд ҳазорсолаҳо қабл аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар озодии ақида ва баён, озодии инсон ва афкору мазҳабу виҷдони ӯро муқаддам, мусаллам эълон намудаанд.
Дар таърихномаҳои бостонӣ ва қонунномаҳои Аврупои мутамаддин, ки озодии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар шаклу намуди гуногун тавсиф шудааст, гуфта мешавад, ки гуманизми (инсондӯстӣ, инсонпарварии) Куруши Кабир ва Эъломияи ӯ беназир буда, аввалин ҳуҷҷати барҷастаи башарият ба шумор меравад. Инак дидаи таҳқиқ дӯзед: “Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину ойинеро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад интихоб намоянд, танҳо ба шарте, ки ба касе зарар нарасонад ва ҳуқуқи дигаронро поймол насозад.”
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қонуни асосии Тоҷикистон мебошад тамоми паҳлуҳои ҳаёти муосир ба инобат гирифта шудааст. Қонуни асосии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқиро барои фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ фароҳам оварда, оғози марҳалаи сифатан нави инкишофи давлат ва рушди ҷомеа гардид ва халқи тоҷикро ба шоҳроҳи бузурги ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва фаъолияти созандаву бунёдкорона раҳнамо сохт. Он ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт ва муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ роҳи васеъ кушод.
Конститутсия дар баробари эътирофи як қатор арзишҳои давлатдории ҷаҳони муосир, аз қабили сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои таъсис ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ заминаҳои зарурии ташкиливу ҳуқуқиро фароҳам овард. Он ҳамчун қонуни олии давлат азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд.
Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди мамлакат ин санади тақдирсозро азизу муқаддас меҳисобад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми онҳоро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдону эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои ӯро кафолат медиҳад.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати барномавии ҳаёти давлат ва ҷомеа дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро барои солҳои тӯлонӣ пешбинӣ намуда, барои халқи мо бардавому поянда хизмат мекунад. Зеро эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия – кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад.
Аз ин рӯ, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба бо тариқи раъйпурсӣ – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти худи меъёрҳои Конститутсия, қонунияти ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ, адолати судии конститутсионӣ ва назорати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.
Конститутся тақозои онро доранд, ки минбаъд низ дар асоси меъёрҳои он дар кишварамон Ваҳдати миллӣ таҳким ёфта, пояи он устувор гардад. Зеро мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи зикршуда, муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва дифои ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад. Ҳамчунин, бо дарназардошти аҳолии кишварро ба фаъолияти ободкорию созандагӣ, эҳтиром кардани арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва амнияти ҷомеаро муайян месозад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар Конститутсия пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои тамоюли тундгароӣ ва ифротидошта, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ дарҷ гардидааст, ки пайрави аз он вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид намуданд, ки фақат қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.
Мо мардуми тоҷик дар арафаи таҷлили 30 солагии қонуни асосии давлат Конститутсияи Тоҷикистон қарор дорем, зеро маҳз ҳамин санади олии кишвар гувоҳи соҳибихтиёри, демократи, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ будани миллату давлати тоҷик мебошад.
Мо шаҳрвандони ин давлату миллат аз он меболем, ки дорои Конститутсияи худ ҳастем ва ба тариқи он ҳуқуқи уҳдадориҳои худро риоя намуда, орому осуда умр ба сар мебарем.
- Файзиддин Тағозода мудири бахши ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаи Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"-и Вазорати адлияи ҶТ