Бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани нақша чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 санаи 24-уми июни соли ҷорӣ тавассути микроавтобусҳо ёрии хуқуқии ройгон ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҷамоати Ваҳдати шаҳри Левакант ташкил карда шуд.
Бо иштироки ҳуқуқшиносони давлатӣ, кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариусони давлатӣ ба сокинони ҷамоати мазкур доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ба монандаи гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, гирифтани нафақа ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ машварат дода шуд.
Чунин суҳбату вохӯриҳо бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дониста шуда, тибқи нақша дар назар аст, ки бо иштиоки олимону ҳуқуқшиносон дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор карда мешавад.