Санаи 24-уми июни соли равон ҷиҳати амалишавии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли Маърифати ҳуқуқӣ» гурӯҳи кории доимоамалкунандаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"-и Вазорати адлия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимати иҷроияи ноҳияи Балҷувон бо фаъолони ноҳия суҳбату вохӯрӣ ташкилу баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ иброз гардид, ки «Соли Маърифати ҳуқуқӣ» давоми мантиқии сиёсати ҳуқуқие мебошад, ки онро Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ татбиқ менамояд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дигар ҷомеа бо он фарқ менамояд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон эътироф гардида, механизми самараноки ҳимояи чунин ҳуқуқу озодиҳо муқаррар карда мешавад...