Давоми ду рӯзи охири моҳи июни соли ҷорӣ ҷиҳати амалишавии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли Маърифати ҳуқуқӣ» гуруҳи кории доимоамалкунандаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"-и Вазорати адлия дар шаҳри Кӯлоб бо кормандони касбу гуногун вохӯрӣ анҷом доданд.
Гуфта шуд, ки «Соли Маърифати ҳуқуқӣ» давоми мантиқии сиёсати ҳуқуқие мебошад, ки онро Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ татбиқ менамояд. Зеро ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеае мебошад, ки дар он қонуни ҳуқуқӣ ҳукмрон буда, устувории озодии шахс, ҳуқуқ, шаъну шараф, қадру қимати он, инчунин ҷавобгарии тарафайни шахс ва давлат амал менамояд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дигар ҷомеа бо он фарқ менамояд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон эътироф гардида, механизми самараноки ҳимояи чунин ҳуқуқу озодиҳо муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имконияти баробар, аз ҷумла имконияти ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки он барои расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Дар вохӯриҳо гуфта шуд, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.

