Ҷиҳати иҷрои корҳои тарғиботию ҳуқуқӣ дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҳайати гурӯҳи кории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ"-и Вазорати адлия дар ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ бо сокинону фаъолони ноҳия суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.
Муовини ректори Донишкадаи такмили ихтисоси вазорати адлия Акмал Абдухолиқзода зимни баромади худ иброз дошт, ки ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллатро Конститутсия ташаккул медиҳад, ки он ҳамчун қонуни асосии мамлакат арзиши олии ҳуқуқӣ дошта, ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат медиҳад.
Таъкид гардид, ки дар Конститутсия арзишҳое дарҷ гардидаанд, ки мазмун ва моҳияти маърифати ҳуқуқиро ифода менамоянд. Меъёрҳои конститутсионӣ, ба монанди арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷониби давлат кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд ва ғайра дар умум ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи мутахассиси пешбари Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати адлия Давлат Раҷабзода нақши Конститутсия дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ басе муҳим ва асосӣ маҳсуб ёфта, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 боз як иқдоми ояндасози Сарвари давлат маҳсуб меёбад ва он дар робита ба авзои ҷаҳони муосир амри бисёр муҳим ва саривақтӣ ба шумор меравад.
Конститутсия воқеан бахтномаи ҳар миллати озодандеши соҳибхираду соҳибфарҳанг аст. Вай рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдорию бақои давлату миллат мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному эҳтиром шуда метавонад, ки дар заминаи Конститутсияи худ дорои истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақил бошад, музаффарияти онро азизу гиромӣ дорад ва чун гавҳари чашм ҳифз намояд.