Мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти Парчами давлатӣ раванди ободкориву созандагиро оғоз намуда, то ба имрӯз дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд ва ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони истиқлолият содиқона меҳнат мекунем.
Дар Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи ҶТ бахшида ба 30-юмин солгарди Конститутсияи соҳибитиқлоли Тоҷикистон бо иштироки васеи олимону коршиносон ва масъулини Марказ, намояндаҳои Вазорати адлия, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазарати адлия ҳамоиши илмӣ доир ба нақш “Конститутсия дар таҳкими пойдории Истиқлол” баргузор гардид.