Рӯзи 21 июни соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ вохӯрии гурӯҳи кории доимоамалкунандаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли Маърифати ҳуқуқӣ» бо 120 нафар сокинон ва фаъолони ноҳия доир гардид. Гуфта шуд, ки мақсади асосии баргузории ин гуна вохӯриҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва риояи қонунҳо, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибатҳои эҳтиромона ба он ба шумор меравад.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки маърифати ҳуқуқии инсон қисми таркибии маданияти маънавӣ ба ҳисоб рафта, он аз низоми донишҳо, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин соҳиби малака ва тавоноӣ будан амалӣ мегардад.

Баромадкунандагон баён доштанд, ки раванди ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон танҳо масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар мақомоти марбутаи давлатӣ набуда, барои амалӣ кардани он бояд тамоми қишрҳои ҷомеа, мутахассисони гуногуни ҳуқуқдон ва дилсӯз, зиёиёну равшанфикрон бояд ҷалб карда шаванд, то маърифати ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқиро дар байни ҷомеа ба таври дурусту муносиб ва густурда фаҳмонанд.
Баён гардид, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.
