Бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани нақша чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 рӯзҳои 12 – 13-уми июни соли ҷорӣ дар шахру ноҳияҳои Қубодиён, Кушониён ва Бохтари вилояти Хатлон тавассути микроавтобусхо ёрии хукукии ройгон ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандии сайёр ташкил карда шуд.
Бо иштироки ҳуқуқшиносони давлатӣ, кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариусони давлатӣ ба сокинони ноҳияҳои болозикр доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ба монандаи гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, гирифтани нафақа ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ машварат дода шуд.
Давоми ду рӯз аз тартиби расонидани ёрии хукукии сайер корбарии сабти асноди ҳолати шаҳрванди Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахру ноҳияи Қубодиён, Кушониён, Бохтар ва дигар меҳмонон дидан намуданд.Чунин суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби Вазорати адлия ба роҳ монда шуда, бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ гурӯҳи кории таблиғотӣ аз ҳисоби Роҳбарияти Вазорати адлия, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон, ҳуқуқшиносон таъсис дода шудааст, ки ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарбар карда мешаванд.