Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ Муасисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо шарикони рушд барои дастрасии ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандон ёрии ҳуқуқии сайёрро тавассути микроавтобусҳо дар ҳудуди кишвар ба роҳмондааст.
Тибқи нақша 12 июни соли 2024 -ум ёрии ҳуқуқии сайёр дар ноҳияи Кубодиён барпо шуд, ки аз он шаҳрвандони зиёд истифода намуда, аз ҳуқуқшиноси давлатии Маркази ёрии ҳуқуқӣ ёрии ҳуқуқии ройгон гирифтанд.