Бо эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи ҶТ аз ҷониби кормандри зерсохтори Вазорати адлияи ҶТ гурӯҳи корӣ бо шумули ҳайти кормандони Муассисаи давлатии "Маркази ёрии ҳуқуқӣ" ва Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия созмон дода шуда, дар чандин шаҳру навоҳии кишвар суҳбату вохӯриҳои судманд ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ташкилу баргузор намуданд.
Ҳамзамон дар идомаи корҳои тағиботӣ-ҳуқуқӣ санаи 3-4. 06. 2024 дар толорои мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Турсунзода аз тарафи намояндагони сохторхои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуӣ”-и Вазорати адлия бо фаъолону омӯзгорон, имомхатибону раисони маҳалла ва хонандагон вобаста ба моҳияти эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва нақши Конститутсияи ҶТ дар ҳаёти иҷтимоӣ семинар ташкилу баргузор гардид.
Дар идомиа чорабинӣ масъулини Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуӣ”-и Вазорати адлия вобаста ба масъалаи ҳуқуқи шаҳрвандон ва дигар масоили муҳими ҳуқуқӣ дар доираи эълони “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баромад намуданд.