- Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судҳ кафолат дода мешавад. Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқро қонун муайян мекунад. [1] (Конститутсия моддаи 92)
Таърих ба ҷаҳониён бо далелҳои раднопазир гувоҳӣ медиҳад, ки аҷдодони мо тоҷикон аз замони қадим бо маданияти давлатдорӣ, шаҳрсозӣ ва ҳуқуқдонӣ бунёдгузорони аввалин дар ҷаҳон мебошанд. Дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон новобаста аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ аввалин маротиба Куруши Кабир Эъломия қабул намуд, ки ин ҳуҷҷати таърихӣ бо номи “Устувонаи Куруш” машҳур аст. [2] Аз ҷониби олимон ва муррихони дунё ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, ки низоми одилона инсондӯстона ва дунявии давлатдориро пуштибонӣ мекард.
Эъомияи умумии ҳуқуқи башар, ки соли 1948 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид аз эъломияи Куруши Кабир маншаъ мегирад. Дар замони истиқлолият бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ Конститутсия қабул карда шуд, ки он ба қатори 10 конститутсияҳои беҳтарини дунё шомил гардидааст. Имруз Тоҷикистон бо 183 давлати дунё ҳамкорӣ дошта, аъзои 55 ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид буда, санадҳои муҳими байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон эътироф кардааст. Дар заминаи Конститутсия як қатор барномаҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Ҳамзамон давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқ, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 "Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 "Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015, №425 “Дар бораи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонд.
Ҷиҳати таъмини шаҳрвандон бо ёрии ҳуқуқии аз ҷониби давлат кафолатдодашуда дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 таъсис дода шуд. Маркази ёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро дар асоси оиннома ва Консепсияи расондани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, дар натиҷаи фаъолияти 5 сола таҳлилу назарсанҷиҳои мутахассисон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” соли 2020 қабул гардид, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти расондани ёрии ҳуқуқӣ ба танзим медарорад.
Тибқи қонуни мазкур ёрии ҳуқуқӣ дар шакли ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ва дуюмдараҷа расонида мешавад.[3] Ёрии ҳуқуқуқӣ ин хизматрасонии ҳуқуқие, ки дар асоси қонунгузорӣ аз ҷониби ҳуқуқшиноси касбӣ ба муроҷиаткунандагон расонда мешавад.
Дар низоми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ расондани ёрии ҳуқуқӣ нақши калидиро дорад. Дар натиҷаи таҳлили фаъолияти чандинсола дар самти расондани ёрии ҳуқуқӣ гуфта метавонем, ки расондани ёрии ҳуқуқӣ дар намудҳои пешниҳоди иттилооти ҳуқуқӣ ба аҳолӣ бо роҳи ҷаласаҳои иттилоотии ҳуқуқии сайёр, пешниҳоди маслиҳат, таҳияи ҳуҷҷат ва ғайра ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Аз рӯи таҳлилҳои коршиносон надоштани дониши ҳуқуқӣ мардумро ба мушкилоти зиёд бурда мерасонад. Тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигар тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад.[4] Ташаккули инсони комил истифодаи якҷояи ҳамаи намудҳои тарбияро талаб мекунад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
“Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.”[5] Пешниҳод намудни соли маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маънои онро надорад, ки мардуми Тоҷикистон маърифати ҳуқуқӣ надоранд ё маърифати пасти ҳуқуқӣ доранд.
Дар ин раванди ҷаҳонишавӣ муносибатҳои ҳуқуқӣ низ дар баробари дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ инкишоф ёфта, муносибатҳои нав ба вуҷуд омада истодааст. 30 сол қабл агар ба мардум дар бораи телефони мобилӣ ё шартномаҳои хариду фуруши электронӣ, ё ҳамёнҳои электронӣ сухан мекардӣ шояд аз ақл бегонашуда мепиндоштанд. Аммо дар як муддат кӯтоҳ муносибатҳое, ба вуҷуд омаданд, ки то ҳол баъзеи онҳо бо меъёрҳои қонун ба танзим дароварда нашудааст. Ва ин ҷаҳонишавӣ аз як ҷониб рушду пешравӣ бошад, аз дигар ҷониб хело давраи ҳассос буда, хатари калон дорад. Гурӯҳҳои тундрав имруз аз давлатҳои дур истода метавонанд тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷавонони моро бо ин ё он роҳҳо моил гардонанд ё ба амнияти мо халал ворид намоянд. Аз ин рӯ эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” айни муддаост.
Дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми ҳуқуқшиносони давлатӣ хело назаррас мебошад. Дар баробари додани маслиҳат ва навиштани аризаҳои хаттӣ ба шаҳрвандон, ҷаласаҳои сайёре, ки вобаста ба ин ё он мавзӯи ҳуқуқӣ ҳуқуқшиносони давлатӣ мегузаронанд, пас аз таҳлили пурсишномаҳо муайян карда мешавад, ки дониши ҳуқуқии иштирокчиён дар мавзӯи ҳуқуқии гузаронидашуда аз 33% то 38% боло рафтааст.
Дар соли 2024, ки “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид кормандони Маркази ёрии ҳуқуқӣ аз ҷумла ҳуқуқшиносони давлатӣ ҷиҳати баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бо роҳи гузарондани ҷаласаҳои иттилоотии ҳуқуқии сайёр, расондани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа бо пешниҳоди маслиҳат ва фаҳмондадиҳӣ, додани иттилоот доир ба имконияти ҳалли тосудии баҳсҳои ҳуқуқӣ, паҳн намудани иттилооти ҳуқуқӣ тавассути ёрдамчиёни ҷамъиятӣ, баромад намудан тавассути воситаҳои ахбори омма ва навиштани мақолаҳо саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Мақолаи мазкур дар маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо номи “Механизмҳои муосири ташаккули маърифати ҳуқуқии аҳолӣ: ҳолатҳои кунунӣ ва дурнамо” аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми феврали соли 2024 таҳия ва чоп шуд.
- Бобозода Фаридун Сайфидин - мудири бахши ташкили ёрии ҳуқуқии якумдараҷаи Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
+/+/+/+/+/+/
Рӯйхати адабиёт:
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе 2016.
Чеҳраҳои мондагор Эмомалӣ Раҳмон Душанбе “Эр-граф” 2016.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” мод. 7, Душанбе 4-уми июл соли 2020, №1694
Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "27" ноябри соли 2019, № 599.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”. Ҳафтаномаи “Мароми пойтахт” №1 (779) аз 3.01.2024. – С. 7.
[1] Конститутсияи Љумњурии Тољикистон. Душанбе 2016;
[2] Чеҳраҳои мондагорЭмомалӣ Раҳмон Душанбе2016.
[3] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” мод. 7, Душанбе 4-уми июл соли 2020, №1694
[4] Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "27" ноябри соли 2019, № 599.
[5] Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон “Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњурї”. Њафтаномаи “Мароми пойтахт” №1 (779) аз 3.01.2024. – С. 7.