Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишвар дар бар мегирад.
Пешгирии коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ мебошад, ки дар доираи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» пеш бурда мешавад.
Дар ин самт Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалисозии Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 тасдиқ шудааст, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Дар асоси нақшаи кории дохилиидоравии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» барои солҳои 2019-2020, кормандони дастгоҳи марказии муассиса ва ҳуқуқшиносони давлатии шаҳру ноҳияҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионӣ, муборизаи оштинопазир бо ин падидаи номатлуб ва таъмини иштироки васеъи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ, силсилаи вохӯриҳо дар маҳалҳо бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинон баргузор карданд.
Аз ҷумла, кормандони «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» корҳои тарғиботиро вусъат бахшида, аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатӣ дар байни кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо зиёда аз 40 суҳбату вохӯрӣ дар мавзӯъҳои чораҳои пешгирии омилҳои ришваситонӣ, баланд бардоштани нуфуз ва одоби хизматчиёни давлатӣ ва дигар тадбирҳои пешгирии қонуншикании коррупсионӣ гузарониданд. Зимнан ҷиҳати баланд бардоштани дониши ҳуқуқии иштирокдорони вохӯриҳо мазмун ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 фаҳмонида шуд.
Ҳамчунин ҳуқуқшиносони давлатии шаҳру ноҳияҳо беш аз 15 маротиба дар радиоҳои ноҳиявӣ оид ба мавзӯъҳои «Коррупсия – зуҳуроти пасткунандаи боварии мардум ба давлат», «Муқовимат бо коррупсия вазифаи ҳар як фарди ҷомеа аст», «Мубориза бо коррупсия кори дастҷамъист», «Нест бод коррупсия!», «Мубориза ба муқобили коррупсия вазифаи тамоми аҳли ҷомеа мебошад» суханронӣ карда, дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ мақолаҳо ба чоп расониданд.
Коррупсия ба пешрафти ҷомеа ва рушду нумӯи он латма зада, сатҳи некӯаҳволии мардумро паст месозад. Агар ҳар як фарди Тоҷикистон ва субъектҳои мубориза бо коррупсия дар ҳамдастӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, хавфҳои ришваситонӣ дар ҷомеа кам хоҳад шуд.
Муаллиф: Файзиддин ТАҒОЗОДА,
мудири бахши ташкили ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷаи
Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»
Сарчашмаи расм: торнамои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров