Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ 24-уми ноябр дар маҷлисгоҳи Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯъи “Парчам – рамзи истиқлолият” баргузор шуд.
Дар ин ҳамоиш роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”, Донишкадаи такмили ихтисос ва Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар оғози нишаст ректори Донишкадаи такмили ихтисос Исфандиёр Собирзода ҳамагонро ба муносибати Рӯзи Парчам таҳният гуфт.
Сипас директори “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” Лоиқ Нусратов зимни суханронӣ чунин изҳор дошт: “Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамаи шуморо табрик мегӯям ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи дорои аҳамияти ҷамъиятӣ муваффақиятҳои нав ба нав таманно мекунам”.
Дар нишасти мазкур устоди кафедраи илмҳои гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисос Мижгона Мавлонова дар мавзӯъи “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон” маърӯза кард.
Иштирокдорони мизи мудаввар ҳамчунин аз суханронии устоди кафедраи илмҳои граждании Донишкадаи такмили ихтисос Суҳайлӣ Ашуров оид ба “Афрохтани парчам тибқи Низомнома дар бораи парчами давлатӣ” баҳравар шуданд.